АШТ: Нақшаи пахта иҷро шуд

 699 боздид

Ноҳияи Ашт, яке аз аввалинҳо шуда, имсол бо сарбаландӣ аз иҷрои нақшаи пахта баромад.

Санаи 4 ноябри соли равон байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд  ноҳияи Ашт яке аз аввалинҳо шуда, уҳдадории пахтаро низ  иҷро намуд.

Тавре ба мо Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварии ноҳия иттилоъ доданд, соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия ба майдони 6231 гектар пахта кишт карда, тибқи ҳисоби мутахассисони Раёсати кишоварзии вилояту ноҳия 14450 тонна дурнамо пешбинӣ шуда буд. Санаи 4 ноябр бошад, нақша беш аз 100,1 дарсад иҷро карда шуд.

То имрӯз  пахтакорони ноҳия беш аз 14 ҳазору 460 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки зиёда аз  100,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз тамоми ҳашарчиёни шаҳрҳои Хуҷанд, Бустон, Исфара, Истиқлол, Гулистон ва мардуми сарбаланди ноҳия (ҳашарчиёни дохилӣ) ва тамоми он нафароне, ки ба ин маъраки муҳим саҳми худро гузоштанд миннатдор аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.