АШТ: Наваскарон савганд ёд карданд

 1 019 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 03 июни соли ҷорӣ, дар қисми низомии 0216- Қушунҳои сарҳадӣ, сарбозони навдаъватшуда ба хизмати ҳарбӣ қасам ёд карданд.

Дар маросими савгандёдкунӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, командири қисми низомии 0216 Муҳиддин Ҳакимзода, муовинони Раиси ноҳияи Ашт, собиқадорон, омӯзгорон, адибон ва волидайни сарбозон иштирок доштанд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, сарбозонро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда,  қайд кард, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд, яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва имрӯз бо интизоми қавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандагии халқи худро сарбаландона анҷом медиҳанд.

-Боиси ифтихор аст, ки қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи мо вазифаи худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро карда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан сазовори боварӣ ва эътиқоди мардуми ноҳия гаштаанд.

-Танҳо дар давоми солҳои 2017-2018 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру тармим, таҷҳизотҳои ҳарбӣ, расонидани кӯмаки яквақтаина ба хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ қариб 250 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.

Баъдан адибон дар бораи дӯст доштани Ватан ва содиқона ҳимоя кардани ҳифзи марзу бум, аз ашъори худ шеър қироат намуданд.

Сарбози навдаъватшуда Саидумар Толибов иброз дошт, ки мо ҷавонон бояд ҳар як ваҷаб хок ва марзу буми ин Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳимоя ва муҳофизат кунем, нагузорем, ки чашми нохалафе сӯйи Ватан назар афканд. Хизмат дар сафи артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

Бахшида ба таъсисёбии 25-умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадӣ ва рӯзи савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ як қатор кормандони сохторҳои қудратӣ аз тарафи роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раиси ноҳияи Ашт ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, бо медали ҷашнӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.