АШТ: Наваскарон савганд ёд карданд

 952 боздид
 
Имрӯз, 27 ноябр дар қисми низомии 0216 сарбозони навдаъватшуда ба хизмати ҳарбӣ қасам ёд карданд, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояи Суғд, генерал-майор Назар Аслам Тура, командири қисми низомии мазкур подполковник Ҳакимзода Муҳиддин, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ, собиқадорон, ҷанговарони Интернатсионалист, хонандагон ва омӯзгорон ширкат варзиданд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Зариф Мирдадо, зимни баромади хеш қайд кард, ки сарбозону афсарони диловар ба хотири ояндаи дурахшон ва зиндагии тинҷу осоиштаи халқ сарзамини аҷдодиро дар набардҳои тақдирсози таърихи Ватан эҳтиёт намуданд ва то ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо намунаҳои арзандаи дарси ватандӯстиву ватандорӣ барои насли имрӯзаи миллат мебошад.
Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояи Суғд, генерал-майор Назар Аслам Тура иброз дошт: “Имрӯз мо бояд барои ин Ватан, барои падару модар, барои роҳбари давлат, ки либоси ҳарбӣ ба бар дорем ва содиқона, мардона, ҷасурона хизмат кунем”.
Сипас чандин афсарону сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ софдилона хизмат намуда истодаанд бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Аҳлиддин Муқимов сарбози нав даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ савганд ёд намуда гуфт, ки софдилона ва поквиҷдонона ба Ватан хизмат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 70 нафар сарбозони навдаъватшудаи қисми ҳарбии 0216-и Қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ашт савганд ёд карданд.
Дар охир баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.