АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 841 боздид

02.02.2024

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма аз телевизионҳои «ТВ СУҒД», «Синамо», “ТВ ВАРЗИШ”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Ҳақиқати Суғд” ,  «Шуҳрати Ашт», «Навиди умед», радиои “Тоҷикистон”, маҷҷалаи “Кайҳон” ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия доир ба бурду бохти ноҳия дар соли 2023 баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд:

 

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Аҳли заҳмат иҷрои ҳамаи нишондиҳандаҳои нақшавии рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалро барзиёд таъмин намуданд.

  • Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар соли 2023  мувофиқи ноҳия ба маблағи беш аз 74,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаст,  ки баробари зиёда аз  107,7 фоизи нақша мебошад. Дар   давраи  ҳисобӣ нақшаи муқарраргардидаи 7 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд. Воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣдар ноҳия нисбат ба соли 2010 62,2 милион сомонӣ ё ки 6,2 маротиба зиёд шудааст.

Дар давоми  соли 2023 бо дастгирии Пешвои муаззами миллат,   Ҳукумати Ҷуммҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд дар соҳаи саноат ба маблағи зиёда аз 400,4 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи  соли 2022 беш аз 177,7 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари  179,8% мебошад. Истеҳсоли ҳамаи 18 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд  шудааст. Истеҳсоли ҳамаи 18 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд  шудааст.

  • Кормандон ва мутахассисони Идораи давлати беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт фаъолияти дар соли 2024 назаррас ба анҷом расониданд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат соли ҷори пойгоҳҳои обкашӣ як моҳ пеш аз вақти муқаррари ба фаъолият оғоз намуд, ки дар натиҷа ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дилхоҳ ба даст омад. Дар тавозуни идораи мазкур 30 адад пойгоҳҳои обкашӣ  мавҷуд буда, кишоварзонро пайваста бо оби полезӣ таъмин месозад.  Санаи 1 апрели соли 2023 пойгоҳҳои обкаши фаъол гардида, то санаи 1 январи соли 2024 ба кишоварзон дар ҳаҷмӣ 184,2 мил м3 бо об таъмин намудааст.
  • Мувофиқи ноҳия ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2023 наздик 1 милиар сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи  соли 2022 беш аз  490  миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши он  зиёда аз 152 фоиз ташкил медиҳад. Аз ин лиҳод дар ҳудуди вилоят ноҳияи Ашт беҳтарин ноҳия эътироф гардид ва ҷоиза дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода супорид.
  • Соҳаи пахтакорӣ — соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд. Дар соли 2023 дурнамои солонаи истеҳсоли пахта беш аз 107 % иҷро гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола ноҳияи Ашт бо беҳтарин нишондиҳанда дар сатҳи вилоят ҷойи аввалро сазовор мегардад.
  • Ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар соли 2024 ба маблағи беш аз 11 миллиону 62  ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расониданд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои  ҳамин давраи  соли 2022 зиёда аз 2 миллиону 406  ҳазор сомонӣ мебошад. Суръати афзоиши он баробари беш аз 127,8% мебошад.
  • Давоми соли 2023 дар ноҳия 255,5 километр роҳҳо  аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Аз ҷумла дар масофаи 32,0 километр таъмири асосӣ, 181,0 километр таъмири ҷорӣ ва 42,5 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд. Барои иҷрои корҳо зиёда аз 12340,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла беш аз 360,0 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз буҷети маҳаллӣ 30,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону  аҳолӣ зиёда аз 11950,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид.

Имсол низ бо ташаббуси Раиси ноҳия ва дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия роҳи “Ашт — Хуҷанд” то гардиши шаҳри Гулистон  дар масофаи 98 километр ба маблағи 2 миллиону 72  ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд.

  • Дар соли 2023 ба сохтори бистарикунонии беморхонаҳои ноҳия 11 ҳазору 794 нафар маризон бистари карда шуда, 11 ҳазору 655 нафарашон солим гардонида шудааст. Бояд зикр кард, ки дар соли 2022 ва 2023 фавти модар комилан ба қайд гирифта нашудааст. Дар деҳаи Дулонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бинои нави Бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва сохтмони Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ашт идома дорад. Дар давраи ҳисобӣ таъмири асосии маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳиявӣ гузаронида шуд.Баҳри самаранокиву беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ба шуъбаи ҷарроҳии №2 дар деҳаи Дӯстӣ як адад таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ба маблағи 286,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, ба истифодабарӣ дода шуд.

Ба ширкаткунандагон пресс-релизи Раиси ноҳия дар бораи бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастрас шуда буд.

Баъдан, рӯзноманигорон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд:

Ҷовиди Аштӣ –намояндаи рӯзномаи (Ҷумҳурият)

Савол: Ноҳияи Ашт соли 2023-ро бо комёбиҳои назаррас паси сар намуд: чӣ дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, андоз, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва чанди дигар. Дар соли ҳисобӣ чанд ҷойи корӣ таъсис ёфт?

Ҷавоб: Воқеан соли сипаришударо сокинони ноҳия бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ ба анҷом расониданд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ, албатта, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва бад-ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Моҳи апрели соли гузашта бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои сохтмони ду коргоҳи калони саноатӣ: ҷӯроббофӣ ва ресандагӣ санги асос гузошта шуд, ки айни замон сохтмон ба анҷом расида истодааст ва баъди ба фаъолият оғоз намудани он наздики 500 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин мегарданд. Соли сипаришуда дар ноҳия  176 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Албатта, ин мақсади ниҳоӣ нест.

Савол: Ҳоло дар ноҳия чанд нафар муҳоҷирон ҳастанд?

Ҷавоб: Мақсади асосии мо низ бо фароҳамоварии ҷойҳои нави корӣ паст намудани сатҳи муҳоҷират аст, ки имрӯз раванди болоравӣ дорад. Айни замон 10 ҳазору 579 нафар мардҳо ва 1174 нафар занҳо дар муҳоҷират қарор доранд. Эътимод дорем, баъди ба кор даромадани коргоҳҳои саноатӣ ва бунёди боз чанд корхона раванди муҳоҷират коҳиш хоҳад ёфт.

Савол: Вазъи бунёд ва мавриди истифода қарор додани майдончаҳои варзишӣ чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Соли 2023 бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ориён як майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода супурда шуд. Ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия супориш дода шудааст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ҷамоатҳо то қадри имкон майдончаҳои варзишӣ бунёд карда шаванд. Ҳоло ин иқдом дар Ҷамоати деҳоти Пунук идома ёфта истодааст.

Маҷаллаи “Кайҳон”  Раънои Муҳаммад.

Савол: Ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон—Ватани азизи ман” ва чанди дигар дар кадом вазъ аст?

Ҷавоб: Солҳои 2022-2023 иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ мутаносибан 22 ва 27 нафарро ташкил доданд, ки ин нисбати солҳои пеш зиёд аст. Қадрдонии иштирокчиёни ин озмун ҳамасола дар ноҳия баргузор мешавад ва аз ҳисоби фонди захиравии Раиси ноҳия маблағ ҷудо карда мешавад. Ҳам иштирокчӣ ва ҳам омӯзгорро мо ҳавасманд менамоем.

Мирзоазам

Савол: Вазъи пойгоҳҳои обкашии ноҳияро чӣ гуна бозгӯ менамоед?

Ҷавоб: Санаи 1 апрели соли 2023 бо маблағгузории Раиси вилояти Суғд (1 млн сомонӣ) вазъи пойгоҳҳои обкашӣ хеле беҳтар гардид. Пойгоҳҳои обкашӣ як моҳ пеш аз вақти муқаррарӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бояд гуфт, яке аз сабабҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва серҳосилии соли гузашта ҳамин иқдоми Роҳбари вилоят маҳсуб меёбад. Имсол низ ноҳияи Ашт дар ин самт пешгом аст. Бояд зикр намуд, дар тавозуни Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия айни ҳол 30 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуданд.

Абдурашид Раҳимӣ- намояндаи телевизиони “Варзиш”

Савол: Таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш, бахусус намуди футболро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Ҷавоб: Дар ин самт мушкилиҳо ҳастанд, аммо ҳалшуданӣ. Имсол мо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди футбол кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то футболбозони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, шарафи ноҳияро ҳимоя намоянд.

Мӯмин Абдулло-хабарнигори МДРН “Шӯҳрати Ашт”

Савол: Набзи имрӯзи ҶСК “Заводи намаки ноҳияи Ашт” чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мазкур моҳи апрели соли 2022 боз ба фаъолият оғоз намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба соли 2022-юм 5,7 маротиба зиёд шудааст. Соли сипарӣ коргоҳи мазкур ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 180 тонна намак содирот намуд, ки ин раванд тавассути харидории таҷҳизоти замонавӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳамчунин дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо ҷалби соҳибкорон бунёд намудани коргоҳҳои саноатӣ (бахусус ҷиҳати бандубаст ва коркарди зардолу) сухан ронда, гуфт, ки ноҳияи Ашт мекӯшад, минбаъд низ дар сабқати ободонӣ байни навоҳии вилоят ва кишвар пешсаф бошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.