АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 398 боздид
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид.
Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма аз телевизиони «ТВ-Суғд», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият»,«Шуҳрати Ашт», Ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Согдийская Правда», «Рисқофарин », «Шӯълаи умед» ва дигарон ширкат намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия доир ба бурду бохти ноҳия дар 6 моҳи нимсолаи аввали 2022 баромад намуд. Баъдан рӯзноманигорон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд:
Мирзоаъзам Мақсудов, сармуҳаррири “Шӯълаи умед”
Савол: Роҳи Ашт-Хуҷанд кай азнавсозӣ мегардад?
Ҷавоб: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси вакилони Маҷлиси намояндагон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намудаанд:
“Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад”.( 21 декабри 2021, шаҳри Душанбе)
Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то аз нав бунёд гаштани роҳи замонавӣ хостем роҳро бо асфалти гарм таъмир намоем.
Ҳоло, роҳи Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон бо дастгирии соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия 59 километр бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ гардид ва ин раванд идома дорад. То имрӯз наздик 1 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ гардида ба таъмири роҳ сарф шуд. Нақша дорем то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон роҳро таъмир намоем. Ҳамзамон, 2 киллометр роҳи “Қаҳрамон-Шайдон” бо асфалти гарм таъмир гардид ва ин раванд то маркази ноҳия идома меёбад. Барои таъмири роҳи Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон 10 адад техникаҳо сафарбар шуда, 5 адад ҳоҷатхона сохта шуд. Барои ҳиммат намуданашон ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша изҳори сипос мегӯям.
Савол: Омили асосии иҷро гардидани нақшаи андози ноҳия дар чист?
Ҷавоб: Дар байни 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ноҳияи Ашт нақшаи андозро бо ҳама намудаш иҷро намуд, ки боиси қаноатмандист. Омили иҷро гардидани нақшаи ҳама намуди андоз содиқона ва софдилона кор кардани масъулини соҳа мебошад. Ин албатта дастгирии ҳамаҷонибаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолияти босамари кормандони соҳаи андоз маҳсуб меёбад.
Савол: —нақшаҳои Шумо дар оянда?
Хеле озруҳои нек дорем ва аввалинаш ин обод намудани диёр аст. Рушд додани соҳаи саноат, ташкили коргоҳҳои нав, зиёд намудани соҳибкории хурду бузург, баланд намудани ҳосилнокӣ ва ғайра. Мо тасмим дорем давоми ду соли охир 25 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода диҳем ва мардумро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем.
Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Савол: Роҷеъ ба муносибату рафтуомад ва ҳамкориҳо ба ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Узбекистон чанд сухан мегуфтед?
ҶАВОБ: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсия ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад. Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд ва мо низ дар асоси равобити роҳбарони олимақом бо вилояту шаҳру навоҳии ҳамсарҳади Ҷумҳурии Узбекистон алоқамандии зичро ба роҳ мондаем, ки дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 27 ҳазору 432 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи сарҳадии Навбунёд ва Поп бо мақсади тиҷорат ва сайёҳӣ рафтуомад намудаанд.
Савол: Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли равон чанд иншоот ба нақша гирифта шудааст? Ба ҷараёни бунёди иншоотҳои ҷашнӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?
ҶАВОБ: Аз рӯи нақша-чорабинӣ давоми солҳои 2022-2026 дар ноҳия 264 иншоотҳои ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии 334 миллиону 109 ҳазор сомонӣ бо ташкили 1128 ҷойҳои кории нав ба истифода дода мешаванд, ки аз ин 142 ададаш дар соли 2022 мавриди истифода қарор мегирад. Аз он 24-адад ба Ҷамоати шаҳраки Шайдон, 9-адад ба Ҷамоати деҳоти Понғоз, 11-адад ба Ҷамоати деҳоти Ошоба, 16-адад ба Ҷамоати деҳоти Шодоба, 21-адад ба Ҷамоати деҳоти Меҳробод, 25-адад ба Ҷамоати деҳоти Ашт, 9-адад ба Ҷамоати деҳоти Пунук, 9-адад ба Ҷамоати деҳоти Ифтихор ва 18-адад ба Ҷамоати деҳоти Ориён тааллуқ дорад.
Ба санаи ҳисобӣ 29 адад иншоотҳои ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии 10 миллиону 862 ҳазор сомонӣ бо ташкили 48 –ҷойҳои кории нав ба истифода дода шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки давоми солҳои 2022-2026 дар ноҳия 36-адад корхонаву коргоҳҳои хурду калон ба арзиши бунёдии 97 миллион сомонӣ бо ташкили 832 адад ҷойҳои корӣ ба истифода дода мешаванд, ки миқдоран нисбати иншоотҳои ҷашнии ба нақша гирифта шуда ва бунёдшуда бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 18 адад зиёд ва ташкили ҷойҳои корӣ 815-адад зиёд аст.
Субҳиддин Қодиров, ТВ-Суғд
Савол: —Солҳои охир дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ ноҳияи Ашт пешрав аст. Таъсиси корхона ҷиҳати пешравии ин соҳа кай дар назар аст?
Ҷавоб: Боиси қаноатмандист, ки таваҷҷуҳ ба ин соҳаи даромаднок бештар зоҳир мешавад. Соли равон 48 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Тасмим гирифта шудааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Шодоба—ҶДММ “Рахшона” рӯзҳои наздик корхонаи консервабарорӣ ба фаъолият оғоз намояд. Аллакай дар ин самт таҷҳизотҳо насб гардидаанд ва дар фурсати кутоҳтарин ба фаъолият оғоз менамояд.
Муаззама Бобоҷонова, «Рисқофарин »,
Савол: Кадом намудҳои маҳсулот аз ноҳия содирот шудаанд?
Ҷавоб: Ҳарчанд чанд соли охир аз сабаби номусоидии обу ҳаво ҳосили зардолу мувофиқи мақсад нест, аммо бо ин ҳама имсол 448 тонна зардолу содирот шудааст. Раванди содироти гелос низ, ки имрӯз аз ҷиҳати сифат яке аз меваҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аст, тибқи ҳадаф аст. Ҳоло бошад, содироти ангур оғоз гардид. Бояд ёдовар шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” 72 намуди ин навъи мева парвариш меёбад.
Ин ҷо метавон аз фаъолияти соҳибкорони ботаҷрибаи ноҳия Пулод.Ашӯров ва Зайлобиддин Махсудҷонов ёдовар шуд, ки ҳам ҷиҳати содироти меваҳои шаҳдбори ноҳияи Ашт ва ҳам пур кардани “хазинаи андоз” саҳми хешро доранд.
Савол: Ашт ноҳияи кишоварзист ва ҳамзамон ҷиҳати масоҳати боғҳои зардолу ва дигар меваҳо дар кишвар мавқеи муҳим дорад. Агар хато накунем, 19 ҳазор гектар майдони боғот дорад. Аммо меваҳои боғоти ноҳияро метавон гуфт, ки фақат содирот мешаванд. Ҷиҳати дар ҳудуди ноҳия коркард намудани мева, яъне бунёди коргоҳҳои хурду бузурги коркард ва бундубасти мева чӣ навигариҳо дар назар аст?
ҶАВОБ: Дар ҳудуди ноҳия 16289,0 га боғот мавҷуд буда, аз он 9026,5 га боғи ҳосилдиҳанда мебошад. Зиёда аз 300,0 га боғоти зардолуи ноҳия содиротӣ буда, содироти гелос аксарият дар сектори аҳолӣ мебошад. Дар ноҳия 2 адад коргоҳи коркарди бандубасти мева ва як адад коркарди хамираи мевагӣ мавҷуд буда, дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ коргоҳҳо фаъолияти худро давом медиҳанд.
Дар соли ҷорӣ аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 448 тонна зардолу ва 304 тонна гелос содирот шудааст. Инчунин аз ҳудуди ноҳия ба минтақаҳои дохили кишвар 104 тонна меваи тар содирот карда шудааст.
Мадина Почоева, «Согдийская Правда»
Савол: Коркарди пашми бузи ангорӣ чӣ хел аст?
ҶАВОБ: Дар ноҳия барои парвариш ва коркарди пашми бузи ангорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Соҳибкорони деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба ҳоло дар Руссия бо коркарди бузи ангорӣ машғуланд. Мо бо онҳо гуфту шунид анҷом додем. Онҳо ваъда доданд, ки дар фурсати кӯтоҳ дар ҳудуди ноҳия коргоҳи пашмро бунёд мекунанд. Ҳоло дар бозор нархи пашм боло аст ва аз ин сабаб худи сокинон ва соҳибкорон ҳавасманд ҳастанд, ки дар ин ҷода машғул бошанд.
Рӯзноманигорон ҳамчунин ба суолҳои худ аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар фарҷом Раиси ноҳяи барои ташриф ва баёни камбудиҳои ҷойдошта ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия
и ещё 9
Фируз Хушруз, Уктам Ризаев и ещё 33
Поделились: 12
Нравится

Комментировать
Поделиться

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.