АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ШУД

 276 боздид

Имрӯз дар толори ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо намояндагони васоити ахбори оммаи ноҳияи Ашт ва ширкати сардорони корхонаву муассисаҳо нишасти матбуотии Раиси ноҳия баргузор шуд.

Ширкаткунандагон аввалан маърӯзаи муфассали Раиси ноҳия Зариф Мирдадоро ҷиҳати ҷамъбасти сол, таҳлили кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шуниданд. Сипас, рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд. Инак, фишурдаи он:

Савол: Ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши ноҳия аз ҷониби МИҲД-и ноҳия чӣ чораҳо андешида мешаванд?

Ҷавоб: Танзими нархҳо дар мадди аввали роҳбарияти ноҳия ва масъулин меистад. Барои дар ҳолати миёна нигоҳ доштани ин вазъ таҳти сарварии муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки пайваста ин равандро назорат мекунанд. Пӯшида нест, соли пеш нархи гӯшт ва орд боло рафт (ин вазъ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба амал омад). Мо то қадри имкон пеши роҳи қимматшавии орду гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро гирифтем. Ҳарчанд дар ин самт ба ҳадафҳои ниҳоӣ нарасидем, аммо алоқадри имкон фаъолияти масъулини соҳа ҷараён гирифт. Минбаъд низ тамоми имкониятро ҷиҳати танзими нархҳо равона месозем.

Савол: Омодагии ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи сиёсии дар пешистода—интихобот дар кадом сатҳ аст?

Ҷавоб: Бояд гуфт, дар ноҳия 56 участкаҳои интихоботӣ амал мекунанд. Гурӯҳи корӣ пайваста аз ҷараёни омодагиҳо огоҳ шуда истодаанд. Шахсан худи ман чанде пеш бо вазъи омодагиҳо шинос шудам. Имрӯз бо эътимод метавон гуфт, кулли участкаҳои интихоботӣ барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихобот омода ҳастанд: чӣ аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ, насби шиорҳо барои огоҳ намудани аҳолӣ ва чӣ аз ҷиҳати шароити мусоид фароҳам овардан ба овоздиҳандагон. Аз ҳама муҳимаш бояд кулли сокинони ноҳия аз баргузории интихобот огоҳ бошанд ва ба вакилони интихобкардаи худ овоз диҳанд.

Савол: Ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии мамлакат аст. Дар ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф чӣ корҳо ба сомон расиданд?

Ҷавоб: Бояд гуфт, дар ноҳия айни замон 10 корхонаҳои саноатӣ амал мекунанд, ки аз ин миқдор 7-тоаш аз уҳдаи иҷрои нақша баромаданд, яъне ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд. Чанде пеш дар ноҳия филиали корхонаи коркарди санги хоро ҶДММ “Санги хоро”  ба кор шурӯъ намуд. Табиист, ки чун филиал аст, манфиати он барои иқтисодиёти ноҳия кам мерасад. Айни замон дар кӯшиши он ҳастем, маҳсулоти ниҳоии коргоҳи мазкур дар худи ноҳия рӯйи кор ояд.

Дар бинои собиқ заводи консервабарории ноҳия айни замон ҶДММ “Аштфрут”  барои банду басти меваи хушк ва донакдор фаъолият дорад, ки бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсоли ҶМЧ, бо  иқтидори коркарди  1,5 тонна мева дар як шабонарӯз бо таъсиси 6 ҷойи корӣ амал мекунад. Ин коргоҳ қудрати фарогирии ноҳияи мо, ки имрӯз 18 ҳазор гектар замини зардолу дорад, надорад. Соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд, дар ин самт иқдом зоҳир намоянд ва бегумон ин ҳам ба манфиати худи онҳо ва ҳам ноҳия хоҳад буд.

Соли 2019 дар ҷ.д. Ориён коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуд, ки иқтидори истеҳсолии он дӯхти 8000 адад либос дар як сол аст ва ин ҷо 15 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳия сехи қаннодӣ, заводи хиштбарорӣ ва коргоҳи коркарди пахта амал мекунанд.

Коргоҳи коркарди пахта мутааллиқ ба ҶДММ “Рахшона” барои ноҳияи Ашт, ки ноҳияи аграрӣ аст, хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аммо барои ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ин коргоҳ низ бояд боз чанд қадаме гузошт.

Тасмим гирифтаем, соли 2020 боз 6 адад корхонаҳои саноатӣ рӯйи кор ояд.

Савол: Ҷиҳати таъмири роҳи Хуҷанд—Шайдон чӣ навгониҳо ҳастанд?

Ҷавоб: Барои таъмири ҷории роҳи мазкур соли ҳисобӣ 1 млн.700 ҳ.с масраф шудааст. Барои таъмири пурраи ин роҳ лойиҳа бо сарфи 110 млн. доллари ИМА омода шудааст, айни ҳол масъулин интизори сармоягузоранд.

Савол:  Масъалаи обод намудани Хонаи маданият, ки соҳибкоре тасмим гирифта буд, ба ҷойи он тӯйхона ва Маркази савдо бунёд кунад, то чӣ андоза амалӣ гардид?

Ҷавоб: Гап сари он аст, ки ин макон моликияти шахсӣ аст, солҳои пеш ба соҳибкор фурӯхта шудааст. Бо вуҷуди ин чанд маротиб бо соҳибаш ҳамсуҳбат шудем. Тибқи ваъдааш бояд соли равон ба корҳои сохтмонӣ оғоз намояд.

Савол: Роҳбарияти ноҳия аз фаъолияти шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ то кадом андоза огоҳ ва қаноатманд аст?

Ҷавоб: Аввалан, бояд зикр намуд, дар пештоқи беморхонаи марказии ноҳия, умуман ҳамаи шуъбаҳо рақамҳои телефони масъулин сабт шудааст. Дуруст аст, ки ҷиҳати маблағситонӣ, бахусус, дар шуъбаи таваллудхона сару садоҳо баланданд, аммо то ҳол нафаре ба мо муроҷиат накардааст. Беасосу ҳавоӣ изҳори норозигӣ намудани мардум мушкили кор аст. Агар дар ин самт асоснок муроҷиат намоянд, бегумон чораҳо андешида хоҳанд шуд.

Савол: Пӯшида нест, имрӯз барои гирифтан ва иваз намудани шиноснома мардуми ноҳия душворӣ мекашанд. Имкон хаст, ки дар баъзе аз ҷамоатҳои дурдаст нуқтаҳои иловагии шиносномадиҳӣ таъсис дода шавад?

Ҷавоб: Бале, ин воқеан мавзӯи муҳим аст. Ҷиҳати таъсиси чунин нуқтаҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудааст. Умедворем, ҳалли мусбиашро меёбад.

Савол: Дар заводҳои пахтатозакунии ноҳияи Ашт нархи хариди пахта нисбати соли 2018 кам шуд. Оё ин барои зиёд намудани майдони пахта мушкилӣ эҷод намекунад?

Ҷавоб: Табиист, ки пасту баланд шудани нархи пахта вобаста ба биржаи ҷаҳонӣ аст ва аксаран ин вазъият ногаҳон рӯйи кор меояд. Аммо азбаски ноҳияи Ашт ноҳияи аграрист ва пахта ашёи стратегӣ маҳсуб меёбад, то қадри имкон кӯшиш ба харҷ медиҳем, майдони кишт кам нашавад.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.