Ашт: норасоии кадрҳо дар соҳаи тиб

 1 547 боздид

Имрӯз, 18-уми август дар ноҳияи Ашт Рӯзи табибон таҷлил карда шуд. Дар маросими таҷлили Рӯзи табибон дар саҳни беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов парда аз рӯи муҷассамаи рамзии собиқадори соҳаи тибби ноҳия Истамқул Ҳасанов бардошт ва табибонро ба рӯзи касбияшон таҳният гуфт.

Баъдан дар толори Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов зимни таҷлили Рӯзи табибон раиси ноҳия гуфт, ки соли 2017 барои пешбурди соҳаи тандурустии ноҳия 18 миллиону 465 ҳазору 939 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Раиси ноҳия ҳамзамон илова намуд, ки сифати фаъолияти кормандони тиб аз рӯи такмили ихтисос, ҳисобот ва таҳлили кор омӯхта шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сифати хизматрасонии беморхонаи марказии ноҳияи Ашт ба номи Истамқул Ҳасанов дар миқёси вилоят дар сатҳи паст қарор дошта, мушкилии норасоии кадрҳо ҷой дорад. Аз ин рӯ роҳбарияти беморхонаи марказиро зарур аст, ки барои бартараф сохтани камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, муттахассисони баландихтисосро ба кор ҷалб намоянд.

Зикр гардид солҳои охир дар марказҳои саломатии ноҳия шумораи табибон афзуда бошад ҳам, аммо нарасидани кадрҳои силшинос, рӯҳшинос, асабшинос, рентгенолог, духтурони кӯдакона ва момодухтурон эҳсос мешавад. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино аз ноҳияи Ашт 178 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки хазинаи соҳаи тиб дар ноҳия маҳсуб меёбанд.

Соли 2017 дар ноҳия таъмиру тармими марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳо оғоз гардида, кор дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон харидории таҷҳизоти тиббии нав дар назар дошта шудааст.

Таҷлили Рӯзи табибон, ки ба мавлуди Абуалӣ Ибни Сино рост меояд, дар ноҳия собиқадорони соҳаи тиб, духтурон ва нафароне, ки дар таъмиру тармими марказҳои саломатӣ саҳм доранд бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия баҳри ҳозирин барномаи консертӣ тақдим карда шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.