Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷараёни асфалпуш намудани роҳи дохилӣ маҳаллаи Бураки Ҷамоати деҳоти Понғоз дидан намуд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо бо саҳми мардуми ноҳия тақрибан 30 клометир роҳҳои дохилӣ маҳаллаю деҳа бо роҳи ҳашар ва саҳмгузории соҳибкорони саховатпеша ва аҳолӣ асфатпуш шуд.
Зимни боздид аз ободии маҳал Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода ба мардуми саховатпеша маннатдори намуда, қайд намуд, ки “бойд ҳар як мо барои ободи диёри хеш каме бошадҳам саҳми худро гузорем, зеро ободи ватан аз ҳар як хонадон оғоз мешавад”.
Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия миннатдории худро баён намуда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.
Барои хушсифат ва саривақт иҷро шудани корҳои роҳсозӣ техникаҳои хурду бузург сафарбар гардидааст.
Чунин иқдоми мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Понғоз дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Меҳробод, Пунук, Ошоба, Ориён, Ашт ва Ифтихор идома дорад.