АШТ: ОМӮЗГОР БУДАН ИФТИХОР АСТ

 7 363 боздид

29.09.2022 вақт 10:00
Дар толори калони макомоти ичроияи хокимияти давлати нохия «Рӯзи омӯзгорон» бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Ҳайдарзода Муяссар ва фаъолони сохаи маориф дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Нахуст, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Муяссар Хайдарзода номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд:
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи омӯзгорон ин шаҳодати он аст, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи омӯзгор ҳамеша баланд буд ва баланд хоҳад монд. Дар ҳақиқат омӯзгор — муаллим, устод, тарбиятгар буда, раҳнамои зиндагонӣ, қулфкушои маҳзани илму адаб, равшанкунандаи қалбҳои пиру барно аст. Бе омӯзгор, бе раҳнамо ягон роҳ тай намешавад ва ба манзили мақсад касе нахоҳад расид.
Роҳбари давлат ва хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорон ва соҳаи маориф ҳамарӯза таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ғамхорӣ нисбати онҳо ба хотири рушду такомули маорифи кишвар, боло бурдани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, ба шароити замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, тарбияи мутахассисони асил барои мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, омӯзгоронро ба рӯзи иди касбиашон таҳният намуд:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намуда, дар Паёми худ қайд намуданд, ки: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.
Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.
Ман гумон мекунам, ки омӯзгор будан шараф аст ва дар ҳама давру замон омӯзгор мавқеи воло дошт ва ин раванд то абад боқӣ хоҳад монд.
Дар идома, омӯзгорон ва фаъолони соҳа бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд, ки онро Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Муяссар Ҳайдарзода тақдим намуданд. Ҳамзамон, як қатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаи Раиси вилоят ва ноҳия сарфароз гардиданд.
Баромади хонандгон ва сурудҳои дилнишину рақсҳои ҷаззоби аҳли хунарӣ чорабиниро шукӯҳи дигар бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.