Санаи 18 декабри соли равон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт дар мактаби рассомии маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон даври ноҳиявии озмуни вилоятии “Беҳтарин рассоми ҷавон” баргузор шуд.
Наздик 50 нафар хонандагон аз маркази ноҳия дар озмун ширкат намуда, аз рӯйи ду шарт: пешниҳоди се адад кори рассомӣ ва давоми 90 дақиқа кашидани расми дилхоҳ байни ҳам рақобат намуданд.
Ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи якумро хонандаи синфи 10-и МТМУ №2 Қосимов Бойназар ба даст овард. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан хонандаи синфи 10-и МТМУ №2 Рухшед Абдураҳимов ва хонандаи синфи 9-и МТМУ №17 Кишвар Қурбонов соҳиб шуданд.
Барои иштироки фаъолона ҳамчунин хонандаи синфи 9-и гимназияи №1 Музаффарова Маҳлиё ва чанди дигар бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ба ғолибони озмун Диплому Сипоснома ва туҳфаҳоро муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ супориданд.
Ба ғолиби озмун Бойназар Қосимов, ки дар даҳрӯзаи сеюми моҳи декабр дар озмуни вилоятӣ ширкат менамояд, барор мехоҳем!
Т.МИСРОБӢ