АШТ: ОЗМУНИ » ҒУНЧАҲОИ УМЕД» БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз дар МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ин озмун бо ширкати 10 муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия баргузор шуд.

Тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи рақамҳои 1, 2, 4, 5, 7, 8, 11, 12, 17 ва 18 аз рӯйи 5 номинатсия:

**Саломнома ва шиносоӣ;

**Суруди ҳамсароён;

**Намоиши либосҳои миллии кӯдаконаи духтарон ва писарон бо иловаи навгониҳои имрӯза;

**Суруд ( якка ё дуэт);

**Рақси гурӯҳӣ бо истифодаи ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали озмун санаҳои 10 то 19 майи соли равон баргузор шуда буд.