АШТ: ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР САТҲИ НОҲИЯ ОҒОЗ ЁФТ

 632 боздид

18.05.22
Ҳоло, дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки 243 довталаб озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Нахуст ба кори озмун муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ оғоз бахшида, суханро ба Ҷалолиддин Амиров, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вогузор намуд. Намояндаи вазорат зимни баромади хеш баён сохт: “Ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ва шафоф гузаронида мешавад. Мебояд барои пируз омадан довталабон ҳамаҷониба омода бошанд”. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия ҷараён дорад: — номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; — номинатсияи адабиёти классикӣ; — номинатсияи адабиёти муосир; — номинатсияи адабиёти ҷаҳон; — номинатсияи эҷоди назму наср. Маврид ба зикр аст, ки озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир мегардад. Кунун ҳакамон дар 5 утоқӣ театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи номинатсияҳо пурсиш доранд ва пас аз дақиқ гардидани ғолибон маъулмоти бештар паҳн мекунем.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.