АШТ: Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”

 1 051 боздид
Имрӯз, санаи 21 майи соли равон, дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44 ва амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 марти соли 2021, №140, қарори Раиси ноҳия аз 26 апрели соли 2021, №185 ҷиҳати рушду тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навовар, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт аз рӯйи 7 (ҳафт) номинатсия: физика, химия, биология, география, математика, ихтироъкорӣ ва технологияи иттилоотӣ байни зиёда аз 300 (сесад) нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия, 19 (нуздаҳ) нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 36 (сию шаш) нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва 5 нафар шахсони касбу кори гуногун даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муяссар Ҳайдарзода, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарияти Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия оғоз гардид.
Муовини Раиси ноҳия зимни баромади хеш иброз доштанд, ки “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,…” Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маҳзанест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Шахсе, ки илму маърифат надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад. Маҳз, тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд ба даст оварда, мушкилоти ҳаётии худро бартараф месозад.
Бинобар ин, Шумо хонандагон аз илму дониши замони хеш бархӯрдор бошед, махсусан ба омӯхтани фанҳои дақиқ таваҷҷӯҳ намоед, ихтироъкору навовар бошед ва ворисони арзандаи халқу миллати куҳанбунёди тоҷикон гардед.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.