АШТ: ПАХТАЧИНӢ ОҒОЗ ШУД

 612 боздид

Дар хоҷагии “Қушмат Қаҳҳоров”-и Ҷамоати деҳоти Ориён аввалин шуда, дар ноҳияи Ашт ба чиниши пахта оғоз карданд. Соли ҷорӣ, дар хоҷагии номбурда дар майдони наздик 4 гектар пахтаи навъи «фелеши туркӣ» парвариш гардидаааст. Роҳбарии хоҷагиро Қаҳҳоров Даврон ба ӯҳда дорад, зимни сӯҳбат гуфт, ки соли гузашта аз ҳар гектар майдони пахта аз 40 то 45 сентнер ба даст оварда будем. Имсол ҳосил дар саҳро фаровон буда, аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ ҳосили пахта интизорем. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Ориён Эгам Ҳайдарзода ҳамарӯза дар майдони пахта то 50 нафар чинакчиён бо ҷамъоварии ҳосил машғуланд. Яке аз чинакчиёни пешқадам, ки ҳамарӯза то 130 клограм пахта мечинад, Қимматой Тангирбердиева мебошад. Ин бонуи меҳнат 39 сол дошта беш аз 20 сол иҷониб бо пахтачинт машғул аст.
Тавре ба мо сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, чиниши пахта дар Ҷамоати деҳоти Мехробод низ идома дошта, интизори меравад рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия огоз гардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.