Рӯзи 14 – уми марти соли 2022, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук бо ҳашарчиёну сокинони деҳаи Даҳана вохӯрӣ баргузор намуд.
Сокинони ноҳия барои эмин доштани роҳҳо, кӯпрукҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ки онҳо дар қади роҳҳо мебошанд, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро анҷом доданд.
Роҳбарияти ноҳия барои ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона ба сокинон ва фаъолони деҳа миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки мо бояд ҳар лаҳза бохабар бошем ва навбатдории шабонарӯзиро ташкил намоем, то ки сокинони маҳаллаву деҳаҳо аз омадани оби зиёди сел бохабар бошанд.