Санаи 10 ноябр бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” , дар боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Фестивали “Оши палав” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, беш аз 200 нафар ошпазон аз манотиқи кишвар ҷамъ омада буданд.
“Мақсад аз баргузории Фестивал- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад”.
Дар Фестивали “Оши палав” ошпазони ноҳияи Ашт иштирок намуда, се намуди оши палавро пешниҳоди иштирокдорон гардониданд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Оши палав»-ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод ба таври мустақил аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда, ҳарду давлат сертификати алоҳида ба даст овардаанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндӣ фарқ мекунад. Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.