АШТ: Пойгоҳи обкашии рақами 1 дар ноҳия фаъол гардид.

 1 065 боздид

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва масъулини дахлдор ба пойгоҳи обкашии рақами 1-и ноҳия ташриф оварда, онро бо гирифтани дуои хайр фаъол карданд.

Омодагиҳо ба мавсими нави обёрӣ пурра анҷом ёфта, барои таъмиру тармими пойгоҳи обкашӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.

Барои пурра омода кардани иншооти обрасонии ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 700 ҳазор сомонӣ ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 300 ҳазор сомонӣ равона гардида, аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят 8,5 тонна сӯзишворӣ ва 4,5 тонна равған дастрас карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Асатсатсияи истифодабарандагони об низ як қисм маблағ пешпардохт гардид.

Пойгоҳи обкашии АНС-1 пойгоҳи асосӣ маҳсуб ёфта, 18 ҳазор гектар заминҳои ноҳия маҳз тавассути он обёрӣ карда мешавад.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода барои комилан дуруст, самаранок ва эҳтиёткорона истифода кардани ҳавзҳои обгирии пойгоҳи обкашӣ ва муҳаррикҳои он масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.