АШТ: ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ» «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ВА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 6 677 боздид
   Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 02 феврали соли 2023, таҳти №330 ва № 331, қарорҳои Раиси вилоят аз 10 марти соли 2023, таҳти №88 ва № 89, қарорҳои Раиси ноҳия аз 29 марти соли 2023, таҳти №113 ва №141 санаи 16-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат, сарпарастони соҳа ва масъулини мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов», воқеъ дар маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ » баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчиёни даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.
   Дар ҷараёни баргузорӣ аз моҳияти ташкили ин озмунҳо ва дастовардҳои наврасону ҷавонони ноҳия дар ин самт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат суханронӣ намуданд.
   Дар аснои ташкил ва баргузории ин чорабинӣ як қатор наврасону ҷавонони ноҳия ба сухан баромада, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд. Дар ҷараёни чорабини 276 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо Дипломҳои дараҷавӣ, маблағҳои пулӣ, Сипоснома ва 25 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо медали нуқра, биринҷӣ ва Ифтихорномаву тӯҳфа қадрдонӣ карда шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.