АШТ: ҚАҲВАХОНАИ “БЕДОНА” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

 524 боздид

Имрӯз барои дӯстдорони ғизои босифат ва таоми хушлаззат дар маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон қаҳвахонаи “Бедона” дарҳои худро боз намуд. Дар расми кушоди он роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ширкат намуданд.

Қаҳвахонаи мазкур бо ибтикори соҳибкор Наврӯз Алиев ба фаъолият оғоз кард.

—Чанд сол инҷониб мо, аҳли оила, бо парвариши бедона машғул будем, барои мардум бедона ва тухми онро дастрас менамудем,—гуфт зимни суҳбат Наврӯз Алиев. –Орзу доштам, дар маркази ноҳия барои мардум хӯрокҳои болаззат, бештар аз гӯшти бедона пешниҳод намоям. Имрӯз бо дуои падарам Рустамҷон Алиев орзуям амалӣ гардид. Падарам солҳои пеш ба ҳайси ошпаз дар ошхонаҳои маркази ноҳия кор мекарданд ва ман тасмим гирифтам кори падарро идома диҳам. Бо тамоми ҳастӣ мекӯшам, барои сокинони ноҳия бо хизматрасонии босифат ва таомҳои хушлаззат кор кунам.

Лозим ба ёдоварист, ки бо кушодашавии қаҳвахонаи мазкур 9 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Қаҳвахонаи “Бедона” аз соати 7-и субҳ то 22 ба хоҳишмандон ва дӯстдорони ғизои хуштаъм хизмат мерасонад. Се нафар ошпазҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шудаанд. Дар дохили қаҳвахона наздики 50 ҷойи нишаст омода шудааст. Ин ҷо ба ҷуз хӯрокҳои аз гӯшти бедона омодамешуда, ҳамчунин дигар таомҳои миллӣ ва аврупоӣ пешниҳод карда мешаванд. Бояд гуфт, ки  хоҳишмандон метавонанд тариқи рақамҳои 92 277 7575 хӯроки дилхоҳи худро супориш диҳанд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.