АШТ: Рафти сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт

 367 боздид

Бо иқдоми сокинони маҳаллии деҳаи Пискокати ҷамоати Ашти ноҳияи Ашт сохтмони пули мошингузар дар болои дарёчаи деҳа оғоз гардидааст.
Пули нав бо паҳноии васеъ ва дарозӣ иқтидори борбардории автомобилҳои боркашро дорад.
Аз Пискокат то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 46 км буда, алҳол аҳолиаш тақрибан 2500 нафарро ташкил медиҳад.
Аз сабабе, ки деҳаро аз 3 тараф кӯҳу адирҳо иҳота кардаанд, боришот, фурӯ рафтани ярч аз кӯҳу теппаҳо ва дар натиҷа омадани сел бисёр ба назар мерасанд. Ин гуна офатҳои табиӣ асосан ба роҳи автомобилгард, ки деҳаро ба марказ ва дигар манотиқи ноҳия пайваст менамояд, зарар мерасонанд ва мардуми деҳа то азнавсозии роҳ ба рафтуо азият мекашанд.
Бинобар ин, бо пешниҳод ва ташаббуси сокини деҳаи мазкур Дадоҷонов Зоҳирҷон бо мақсади пайваст намудани роҳи деҳа то ба шаҳраки Дӯстии ҷамоат, бо ҷамъоварии маблағҳои пулӣ аз ҳисоби сокинони деҳа, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар хайрхоҳони деҳаи Ашт сохтмони пул оғоз гардида, ҳоло бо маром идома дорад. Бино ба гуфти Зоҳирҷон Дадоҷонов дар назар аст, ки сохтмон бахшида ба санаи ҳумоюни миллат — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Тибқи нақша баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ таҷдид карда мешаванд. Баъди пайваст шудани роҳҳо мардуми деҳа бе мамоният метавонанд дар ҳолатҳои омадани сел ва рабудани роҳи асосии деҳа аз ин роҳи эҳтиётӣ истифода намоянд.
Дар рафти сохтмони пули мошингузар мутахассисон маҳаллӣ — сокинони деҳаи Пискокат ба кор ҷалб карда шудаанд.
Сохтмони мазкур иҷозатномаи идораи роҳсозии ноҳияро дорад. Дар ин асно, Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, раиси ҷамоат ва дигар масъулони соҳа ба ҷойи сохтмон ташриф оварда, бо лоиҳаи ин иншооти муҳим аз наздик шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки бо супориши Раиси ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои иншоот бо техника ва дигар лавозимотҳои сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.
Ҳоло мардуми меҳнатқарини ноҳия бо азму талош остин барзада, дар кӯшиш ҳастанд, ки барои ободии меҳани худ, як зумра амалҳои некро ба анҷом расонанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.