29.12.2023
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, махсусан тарбиятгирандагони хона-интернат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва омири кулли палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мухамедҷонов ба Муассисаҳои давлатии “Интернати наздимактабии № 2-и ноҳияи Ашт” рафта, дар арафаи таҷлили соли нави мелодии 2024 бошандагони муассисаро аёдат намуданд.
Муҳаммадҷон Мухамедҷонов – табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмазодаро ба бошандагони муассиса расонида, қайд кард, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиндагии бошандагони хона-интернатҳо шароити заруриро фароҳам овардааст ва ҳамеша нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ ва аёдати бошандагони хона-интернатҳо, ятимону маъюбон ва табақаи осебпазири аҳолӣ ёдовар шуда, онҳоро ба муносибати соли нави мелоди таҳният намуд.
Ба бошандагони интернатҳо дастархони идона ороста, аз номи Пешвои муззами миллат тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд ва онҳо барномаи фарҳангии ҷолиби худро тақдим намуданд.
Сипас, Раиси ноҳия ба қисмҳои низомӣ дар таҷлилӣ соли нави мелодӣ ташриф оварда сарбозону афсаронро табрику таҳният намуданд.
“Ҳамасола, меҳрубониҳои Пешвои миллат нисбат ба самтҳои мухталифи Қувваҳои Муассалаҳи кишвар хеле зиёд эҳсос мешавад. Инчунин, бо дастгириҳои Раиси вилоят дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои ободии қисмҳои ҳарбӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад».
Дар охир барои болидахотирии сарбозон барномаи рангини бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардид, ки хурсандии сарбозонро ҳадду канор набуд.
Дар идома сафари кории Раиси ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Понғоз ҷараён гирифт.
Дар арафаи таҷлили соли нави 2024 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо шахсони масъул иштирокчиёнии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодир ва Ҳоҷиев Қушқорбойро аёдат намуд.
Зимни ташриф роҳбари ноҳия маводи яквақтинаи ғизои ниёзи аввал тақдим намуда, таъкид дошт, ки мактаби мардонагӣ ва пайроҳаи зиндагии онҳо барои ҷавонони имрӯза намунаи ибрат аст.
Иштирокчиёнии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодир ва Ҳоҷиев Қушқорбой ба Шӯҳрат Муҳаммадзода барои таваҷҷӯҳ ва эътибори воло изҳори сипос намуданд.
Пирони барнодил, ки ҳоло дар фазои ободу озоди Тоҷикистон умр ба сар доранд, зимни дуои хайр таъкид намуданд, ки дар кишвар оромӣ ва ободӣ ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода ба хонадони Худойберганова Муаттара ташриф оварда, Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим намуд.
Мавсуф ҳоло 88 сол дорад, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, деҳаи Понғоз, маҳаллаи устоён зиндагии бо баракат дорад ва давлати пирӣ меронад. Ин бону маблағи Ҳаҷро барои ободонии деҳаи аз зумраи таъмири муассисаҳо ва обод намудани оромгоҳҳо харҷ намудааст.
Барои ин амали ободонӣ
Раиси ноҳия изҳори сипос намуда, барои иқдоми наҷиб изҳори хушнудӣ намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия