АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ДАР САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУД.

 730 боздид
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз, 12 феврал дар маркази ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ ҷараён гирифт.
Роҳбари ноҳияро мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, кишоварзон, масъулини соҳаи ободони ва дигар шахсони дахлдор ҳамроҳи намуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо шинондани аввалин ниҳол ба кабудизоркуниву ободонӣ оғоз бахшида баён дошт, ки тамоми ҳудуди ноҳия бояд дар мудати кутоҳ бо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ сабз карда шавад.
Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.