АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ҚАДРШИНОСӢ КАРД.

 167 боздид

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими қадршиносии ду нафар хонандае, ки дар ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат»  ғолибият ба даст оварданд аз ҷониби Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷараён гирифт.

Дар озмун30-уми октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки ҳамасола бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор мегардад, пуршукӯҳ доир гардид.

Аз ноҳияи Ашт дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» Ёрматова Фараҳноз — хонандаи синфи 10-и литсейи №2, аъзои Озмоишгоҳи инноватсионии назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва Шамсидинова Гулоро — хонандаи синфи 11-и гимназияи №5 ки дар даври вилоятии озмуни мазкур сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардида буданд, аз рӯйи номинатсияҳои «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва «География» иштирок намуданд.

Аз рӯи хулосаи ҳайати тадорукоти Озмун аз номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» Ёрматова Фараҳноз — хонандаи синфи 10-и литсейи №2, аъзои Озмоишгоҳи инноватсионии назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия сазовори Дипломи дараҷаи дуюм ва тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ, аз номинатсияи «География» Шамсидинова Гулоро — хонандаи синфи 11-и гимназияи №5 сазовори Дипломи дараҷаи сеюм ва тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 15000 сомонӣ гардиданд. Инчунин дар вазъияти тантанавӣ омӯзгорон Дадоҷонов Замирҷон — мушовири шуъбаи «Корҳои илмӣ ва эҷодӣ»-и Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва Сидиқова Бибираъно — омӯзгори гимназияи №5 барои омода намудани шогирдони арзанда бо тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.