АШТ: РАИСИ НОҲИЯ  МАШВАРАТИ КОРӢ БАРГУЗОР КАРД.

 503 боздид

13.02.2023

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон машварати корӣ баргузор намуд.

Дар машварат чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

  1. Корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҷамъоварии андоз дар моҳи феврал.
  3. Супоришҳои муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар ҷамъомад муовинон, роҳбарият ва кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия, роҳбарияти ШВКД дар ноҳия,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ходимони соҳаи тиб, маориф, собиқадорон, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада,  даъват ба амал овард, ки  барои  зиёд намудани корхонаҳо ва таъмин намудани сокинон ба ҷойи кори доимӣ,  ҷалби сармоягузории хориҷиву дохилӣ, барои ободу зебогардонии  ноҳия  пайваста меҳнат намоянд.

Сипас, Раиси ноҳия аз иҷрои супоришҳои протоколӣ аз санаи 26-уми январи соли 2023   аз масъулин доир ба камбудиҳо дар соҳа  пурсиш ба амал овард.

Дар идома муовини Раиси ноҳия оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Баъдан, вобаста ба иҷрои супоришҳо аз муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ пурсиш ба амал оварда шуд.

Дар машварати васеи корӣ роҳбари ноҳия вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар самти бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, саривақт ҷамъоварии андоз, пешгирии ҷавонон аз шомилшавц ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва шинос намудани хатмкунандагон аз қисмҳои ҳарбӣ дастури қатъӣ дод.

Баъдан, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлили амиқ намуда, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди корхонаҳои нав аз ҷумла макарон ва коркарди хуч, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳо дод.

Раиси ноҳия бо назардошти нархҳо дар бозор ба масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия дастур дод, ки ба кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавотҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Дар фарҷом Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, баҳри иҷрои он дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.