17.11.22 вақт 16:30
Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раëсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки намоядаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ситоди фаврӣ вобаста ба чор масъала гузаронида шуд.
1. Дар ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2022, № 364.
2.Ҷамъоварии ҳосили пахта дар соли 2022.
3. Рафти ҷамъоварии андоз.
4. Рафти обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷамъомад муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, вакилони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, расонаҳои хабарии ноҳия, имом-хатибон ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.
Дар оғоз, гузориши муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъватии ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва рафти ҷамъоварӣ андоз шунида шуд.
Баъдан , масъалаи мазкур аз ҷониби Раиси ноҳия мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, вобаста ба сифатнок иҷро намудани даъвати ҷавонон супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳангоми суханронӣ гуфт:
«Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату миллат аст. Дар орому обод намудани давлат Пешвои муаззами миллат ҳастии худро бахшиданд. Фурсате фаро расидааст, ки мо ба ин меҳрубонӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ посух диҳем ва нақшаи даъватро саривақт бо сифати баланд иҷро намоем.
Дар идома Шӯҳрат Муҳаммадзода баëн намуд, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ бояд ҳосили пахта беталаф ғунучин карда шавад, чун ризқу рӯзӣ мардум аст.
Баъдан, Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия вобаста рафти обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо маълумот дод.
Дар фарҷом, Раиси ноҳия барои ҷоннок намудани корҳо вобаста ба тарбияи ҷавонони ватандӯст ва насли меҳанпарасту созанда дастури мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия