АШТ: Раиси ноҳия собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

 735 боздид

Санаи 10 марти соли ҷорӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, 5 нафар занони собиқадори меҳнат аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Ҷамоати деҳоти Аштро , ки дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ободонии кишвари азизамон саҳми босазо доранд, бахшида ба Рӯзи Модар аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз вазъи саломатӣ ва зиндагии онҳо аз наздик ошно гардида, ба собиқадорон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, аз хизматҳои беназирӣ занон ёдовар шуда, иброз дошт, ки бонувон дар баробари мардон барои пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми беназир гузоштаанд. Инчунин таъкид дошт, ки имрӯз занон дар баробари мардон дар мақомҳои роҳбарикунандаи идораву ташкилотҳои ноҳия фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки зимни таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия аз  тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон ва шахсони ниёзманд аёдат карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.