АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ВА РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲО БО ХАТМКУНАНДАГОН МУЛОҚОТ КАРДАНД.

 1 342 боздид

09.02.2024

Санаи 09 феврали соли равон дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, тибқи ҷадвали тастиқгардидаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мизоғуфрон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, , ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ректори донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тожикистон дар шаҳри Хуҷанд, ректори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ширкат намуданд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сухан намуда, баён дошт:

“Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои ҷавонону наврасон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Мебояд, ҳар ҷавони ояндасоз шукронаи чунин меҳрубониҳо намуда, барои ояндаи нек қадамҳои устувор гузорад. Зеро, фардои Тоҷикистони азиз ва рушди босураъти мамлакат маҳз аз ҷавонон вобастагӣ дорад”.

Сипас, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба самъи хонандагон вобаста ба сифати таълим ва имкониятҳои мусоиди донишгоҳҳои худ маълумот пешниҳод намуда, даъват ба амал оварданд, ки хонандагон интихоби дуруст намоянд.

Дар идома, хатмкунандагон вобаста ба шароит ва имтиёзҳои донишгоҳҳо аз роҳбарони муассисаҳои тасилоти олии касбӣ пурсиш намуда, ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ҳамчун рамзи эҳтиром барои ҳамкории пайвастаи судманд ба Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода Сипоснома тақдим намуданд.

Баъдан Раиси ноҳия дар идомаи корҳои ободониву сабзгардонии Пешвои муаззами миллат бо ҳамроҳи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинониданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.