АШТ: РОҲ ОБОД, МАРДУМ ШОД

 159 боздид

Раиси  ноҳияи  Ашт бо рафти таъмиру азнавсозии роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ориён шинос шуд. Дар сафари корӣ Раиси ноҳия бо мардум сӯҳбати самимӣ анҷом дода, гуфт:

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намудаанд:

“Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон – Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус, Данғара – Гулистон – Кӯлоб, Рӯшон – Хоруғ – Кулма, Хуҷанд – Конибодом ва Хуҷанд – Ашт оғоз мегардад”.( 21 декабри 2021, шаҳри Душанбе). Роҳи байналмилаии Хуҷанд-Ашт бо меҳрубонии Ҷанобӣ Олӣ пурра бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда мешавад, аммо то оғози кор мо бояд бетарафи зоҳир накарда, барои  ободии роҳ саҳмгузор бошем. Чун, ки ин кори хайр аст. ”

Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои олии мамлакат, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иқдоми тоза дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба соҳибкорони меҳанпараст ва бо нангу номуси ноҳия вобаста ба саҳмгузорӣ ба таъмири ҷории роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ашт ва роҳҳои дохилӣ муроҷиат намуда буд. Сокинон ин иқдоми ободкоронаи Раиси ноҳияро  бо таъмири роҳҳои дохилӣ ҷамоат бо асфалти гарм идома дода истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз 74 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ дошта, роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, 20 километр бо асфалти гарм ва 24 километр бо асфалти хунук бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси  ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода таъмиру азнавсозӣ гардид.

Дар идомаи ташаббуси Раиси ноҳия ҷамоатҳои деҳоти Пунук, Ориён, Шодоба, Меҳробод пешқадамии худро нишон дода, роҳҳоро бо асфалти гарм таъмир ва азнавсозӣ намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки сокинон барои роҳи Хуҷанд-Ашт ва роҳҳои дохилии ҷамоатҳои ноҳия 2 миллиону 381 250,0 сомонӣ ҷамъ намуданд ва мустақиман худи аҳолӣ оварда истодаанд.

Тамоми техникаҳои лозимӣ бошад аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия таъмин гардида истодааст.

МАЪЛУМОТНОМА

оид ба маблағҳои воридгардида барои таъмиру тармими роҳи «Хуҷанд-Ашт» ва роҳҳои дохилии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт (ба ҳолати то 05.09.2022)
№, р/т Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сохторҳои хоҷагидорӣ Маблаҳи воридгардида, сомонӣ Ҷамъи маблағҳои воридшуда, сомонӣ Вазни қиёсӣ (ҳисса) нисбат ба маблағи умумии воридгашта, %
роҳи «Хуҷанд-Ашт» роҳҳои дохилӣ
1. Ҷамоати деҳоти Пунук 15600,0 710000,0 725600,0 29,8
2. Ҷамоати деҳоти Ориён 130000,0 413000,0 543000,0 22,3
3. Ҷамоати деҳоти Шодоба 74000,0 189000,0 263000,0 10,8
4. Ҷамоати деҳоти Шайдон 231810,0 0,0 231810,0 9,5
5. Ҷамоати деҳоти Ашт 192640,0 0,0 192640,0 7,9
6. Ҷамоати деҳоти Понғоз 159700,0 100,0 159800,0 6,6
7. Ҷамоати деҳоти Меҳробод 15000,0 70000,0 85000,0 3,5
8. Ҷамоати деҳоти Ифтихор 51000,0 0,0 51000,0 2,1
9. Ҷамоати деҳоти Ошоба 15000,0 0,0 15000,0 0,6
10. Корхона, идораву ташкилотҳо 85240,0 0,0 85240,0 3,5
11. Шахсони саховатпеша 79260,0 0,0 79260,0 3,3
Ҷамъи умумӣ: 1049250,0 1382100,0 2431350,0 100,0

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.