АШТ: Роҳҳои дохилӣ мумфарш карда мешавад

 521 боздид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия, баҳри таъмини рушди инфрасохторию коммуникатсионӣ ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои нақлиётӣ дар доираи вазифагузориҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои “Нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд дар соли 2019” бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Тавре ба мо Набиҷон Маъмуров сардори Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт”  иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 55,6 километр роҳҳо таъмир карда шудааст, ки аз он 53,3 километр таъмир бо асфалти хунук ва 2,3 километр роҳҳои дохилӣ шағалпӯш карда шудааст. Ҳамагӣ дар ин давра 30,0 тонна битуми моеъ харидорӣ карда шуда, маблағи умумии он 157,0 ҳазор сомонӣро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ноҳия иқдоми неки ташаббуси бунёдкоронаи сокинону соҳибкорон идома дорад. Дар ин радиф, дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод  30 тонна асфалти гарм ба маблағи 14,7 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, дар масофаи 10 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шуд. Ҷамоати деҳоти Ориён ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ 10 тонна битуми моеъ харидорӣ намуд, ки 200 тонна асфалти хунук тайёр шуда, корҳои таъмири роҳҳои байни деҳаҳо оғоз гардидаст.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ бо иқдоми соҳибкорону шахсони саховатманд соли равон  дар масофаи 14,8 километр роҳҳо ба маблағи умумии 79,8 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шуданд. Аз ҷумла, дар масофаи 3,0 километр роҳҳо ба маблағи 24,0 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ карда шуда, дар масофаи 11,8 километр роҳҳо ба маблағи 55,8 ҳазор сомонӣ шағалпӯш карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи сокинони ҷамоатҳои деҳоти Шодоба, Ошоба, Ифтихор, соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 10,2 тонна битуми моеъ ба маблағи 56,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, ба миқдори 200,0 тонна асфалти хунук тайёр карда шудааст ва таъмири ҷории роҳҳои ҳудуди ин ҷамоатҳо оғоз карда шуданд. Аз ҷониби ҷамоатҳои Понғоз, Пунук ва Ашт низ барои харидории 10 тонна битуми моеъ 55,0 хазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуда, рӯзҳои наздик битум ворид карда мешавад. Корҳои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия минбаъд низ идома дода мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.