01.09.2022
Имрӯз, бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, прокурори ноҳияи Ашт Сафарзода Баҳриддин Сафар ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таълимии рақами 65-и ноҳияи Ашт Рӯзи дониш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
Дар оғоз Мирдадо Зариф Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт:
» Дар вилояти Суғд баробари дигар манотиқи ҷумҳурӣ сол аз сол таваҷҷуҳу эътибор ба соҳаи маориф меафзояд. Махсусан бо дастгирӣ ва меҳрубониҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Ашт мактабҳои наву замонавӣ, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир дар самти таълим мебошад, мавриди истифода қарор гирифт.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни баромади хеш иборз намуд:
Имсол мулоқоти мо бо устодону омӯзгорон, собиқадорон, волидону хонандагон дар Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олӣ бо дарси Сулҳ сурат мегирад ва хеле хотирмон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд:
“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад”.
Боиси зикр аст, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ назаррас аст. Аз ҳисоби хонандагон синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 1-нафар ба гирифтани медали тилло, 2-нафар ба гирифтани медали нуқра, 10-нафар ба гирифтани медали биринҷӣ, ҷамъи медалҳо 13-ададро ташкил дод.
Ҳамзамон 1-нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардиданд, ки шоистаи таҳсин ба ин хонандагон, устодон ва падару модарашон мебошад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, соҳибкорони саховатпешаи ноҳия муассисаҳои таълимии рақамҳои 36, 65, 7 аз нав бунёд гардиданд ва 42 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сохта, ба истифода дода шуданд.
Айни замон сохтмони муассисаи таълимии №25 дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонии бинои нав дар муассисаи таълимии №56, бунёди 8-синфхонаи иловагӣ дар маҳаллаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пунук, бунёди 8-синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълми №52 деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Ориён, бунёди муассисаи нави таълимии №43 дар деҳаи Хӯҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба бомаром идома доранд.
Дар фарҷоми сухан Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши нав барору комёбиҳо таманно намуд.
Баъдан бо назардошти хизматҳои пайваста дар соҳаи маориф ба 2 нафар омӯзгорони муасисса Сипосномаи аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода тақдим гардид.
Ба 60 нафар наврасоне, ки бори аввал ба муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 қадам гузошта, ба синфи аввал омаданд аз ҷониби роҳбарият ва меҳмонон тӯҳфаҳои хотирмон тӯҳфа карда шуд.
Барномаи фарҳангии мухтасари хонандагон ва садо додани занги аввал ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия