АШТ: РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 489 боздид

04.05.2023                                                                                                       соат 14:00
Ҳамасолаи 4 май дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад. Имруз бахшида ба ин муносибат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ширкати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ роҳбари ноҳия кормандон ва собиқадорони соҳаро табрик намуда, зикр дошт: “ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи андоз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои пешбурди соҳа ҳамаҷониба шароити мусоид фароҳам овардаанд. Бо назардошти ин ҳама кормандони Нозироти андози ноҳияи Ашт ҷиҳати таъмини нақшаи буҷет, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ҷамъбасти чормоҳаи аввали соли 2023 нақшаи буҷетро 106 фоиз иҷро намуданд, ки боиси хушнудист”.

Дар идома собиқадори меҳнат дар соҳаи андоз Саминҷонов Одилҷон баромад намуда, барои ташкили чунин чорабинӣ ва таваҷҷӯи баланд ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоя, ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз як қатор фаъолони Нозироти андоз, собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.