АШТ: Рӯзи кормандони милитсия таҷлил гардид.

 3 910 боздид

09.11.2023
Субҳи имрӯз дар таҷлили “Рӯзи милитсияи тоҷик” Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ сохторҳои низомӣ, роҳбарони идораву ташкилотҳои ноҳияваи, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони расмӣ барои таҳният намудани ҳайати шахсии кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ба бинои шуъба ташриф овард.

Дар даромадгоҳ роҳбари ноҳияро сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани “Рӯзи милитсияи тоҷик” ҳайати шахсӣ сафи идона оростанд. Шӯҳрат Муҳаммадзода бо кормандони мақомоти милитсия суҳбати самимӣ анҷом дода, зикр намуд:

“Ҳамасола таҷлил Рӯзи кормандони милитсия дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, ки аз боварии комил ва таваҷҷӯҳи баланди Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат далолат медиҳад. Милитсияи тоҷик бо меҳнати фидокорона ва содиқона исбот намуд, ки рисолати хешро бо сатҳи баланди касбӣ иҷро менамояд.”

Баъдан, барои арҷгузори ба хотири кормандони соҳае, ки дар барқароркунии сохти Констутсионӣ ва адои вазифа ҳалок гардиданд гулчанбар гузошта шуд.

Таҷлил дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов” бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия идома ёфта, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, иштирокчиёни барқароркунии сохти Констутсионӣ, оилаҳои кормандони мақомотҳои корҳои дохилае, ки дар поси ватан ҷон бохтанд, ходимони тиб ва маориф, собиқадорони мақомоти милитсия, намояндагони расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатӣ дароварда, Суруди миллӣ садо дод.

Дар идома, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро бо ҷашни касбӣ — Рӯзи кормандони милитсия табрик намуд:
«Маҳз, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти мунтазами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суботи кишвар комилан таъмин гардид.
Бояд гуфт, ки мақомоти милитсия дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри 20 вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Инак, 106 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик дар тамоми манотиқи кишвар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.»

Сипас, ба як қатор кормандон мақомоти корҳои дохилӣ, пешқадамони соҳа дар вазъи тантанавӣ рутбаҳои баланди хизматӣ, Ифтихорнома, Сипоснома супорида шуд.
Ҳамзамон, ба собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Сипас, ба оилаҳои нафароне, ки дар барқароркунии сохти Констутсионӣ ва адои вазифа ҳалок гардидаанд, аз ҷониби Раиси ноҳия кӯмакпулии яквақта супорида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ, саҳнача аз фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва баромади гурӯҳи рақсҳои ҳунарӣ фазои идонаро дучанд намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.