АШТ: РУЗИ МЕЛИОРАТОРОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 353 боздид

Ҳамасола дар саросари кишвар 13 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рўзи мелиораторон” таҷлил карда мешавад.

Бо мақсади таҷлил намудани кормандони соҳа Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ ташриф овард. Зимни табрикоти хеш роҳбари ноҳия изҳор дошт:
«Дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия ҳиссаи кормандони идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ назаррас аст. Бо заҳматҳои пайвастаи масъулони соҳа майдонҳои кишоварзӣ доимӣ бо об таъмин гардид. Пойгоҳҳои обкашии АНС 1,2,3,4,5 , Чумчуқҷар, ГКНС, Сехи таъмирӣ, канали Шимолии Фарғона пайваста фаъол шуд. Таваҷҷӯҳ ба соҳа аз ҷониби Роҳбари давлат ва Раиси вилоят хеле зиёд аст. Соли ҷорӣ барои таъмири пойшоҳҳои обкашӣ аз ҷониби МИҲД вилоят 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки амсоли аниқ ба гуфтаҳои болост. ”
Дар фарҷом Бобалиев Махфиралӣ роҳбари идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ барои таваҷҷӯҳ ба сарвари ноҳия изҳори ташаккур намуд.
Баъдан дар фазои идона ба наздик 50 нафар собиқадорон ва фаъолони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
и ещё 7
Бахриддин Бекназаров и ещё 2

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.