АШТ: РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 6 578 боздид

Имрӯз, санаи 27.06. 2023 дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” чорабинии идона бахшида ба 26 – умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни 26 солагии Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, сухани аввалинро барои расонидани Паёми табрикотии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф доданд.

Баъдан зимни баромади худ баён намуданд:

Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳими пешрафти кишвари  маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастоварди бузурги таърихии халқамон  истиқлол, озодӣ ва ваҳдати  миллиро гиромӣ дорем, онро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари  азизи худ дӯст дорем.”

Дар ҳақиқат, истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ асоси шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост он рӯз то рӯз рушд мекунад, аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон овозадор гаштааст.

Сипас баъд аз суханрониҳо аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Диплом ва туҳфаи хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Зардолупарвари беҳтарин” тақдим карда шуд.

Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби рангин баҳри иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.