АШТ: Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд

 165 боздид

Рӯзи 12 августи соли ҷорӣ дар Муасиссаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-даммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш дар ноҳия ва варзишгарони ҷавон иштирок доштанд.
Нахуст Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо меҳмонон дар саҳни Театри мусиқӣ-даммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, аз рафти даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, дидан намуданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ бахшида ба Рӯзи варзишгарон иброз дошт: «Бо вуҷуди дастовардҳо дар соҳаи варзиши ноҳия камбудиву норасогиҳо низ ҷой доранд. Норасогии лавозимотҳои варзишӣ дар мактабу толорҳои варзишӣ, ба таври бояду шояд ба роҳ намондани чорабиниҳои варзишӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ба рушди бомароми соҳаи варзиш монеа эъҷод менамояд. Ҳамзамон, нокифоягии маблағ барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ садди пешравиҳои соҳа мегардад.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.