АШТ: САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ

 496 боздид

Санаи 7 июни соли равон ба ноҳияи Ашт бо сафари корӣ Вазири кишоварзии ҶТ Салимзода Амонулло Файзулло бо ҳамроҳии сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло ташриф оварданд.
Меҳмонон аввалан аз вазъи кор ва фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Дурахшон” дидан намуданд. Хоҷагии мазкур дорои 20 гектар майдони зардолу мебошад ва зиёда аз 10 сол аст, ки саҳмдорону боғдорони он дар ин самт фаъолияти босамар доранд.
Баъдан яке аз хоҷагиҳои пахтакори пешқадами ноҳия “Суҷҷа” (сарвараш Фаррух Муфтоев) мавриди назар қарор дода шуд. Имсол дар ин хоҷагӣ дар майдони 300 гектар (бештар аз навъи дӯстӣ-хитоӣ) пунбадона кишт шудааст. Заминҳои пахта як маротиб аз ғизои минералӣ баҳравар шудаанд. Пахтакорони хоҷагии деҳқонии мазкур қариб ҳар сол аз ҳар гектар 27 сентнерӣ ҳосили “тиллои сафед” ба даст меоранд.
ҶДММ “Рахшона” (сарвараш Ш.Мамадҷонов) имрӯз дар ноҳия яке аз коргоҳҳои муҳиму манфиатовар маҳсуб меёбад. Меҳмонон аз вазъи хоҷагии моҳипарварии ин коргоҳ “Моҳи сабр” дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 46 гектар амал менамояд ва наздики 50 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин ҳастанд. Дар якчанд ҳавзҳо моҳӣ парвариш карда мешавад ва тибқи иттилои Ш.Мамадҷонов дар назар аст, ки дар мавсими тирамоҳ аз 80 то 100 тонна моҳӣ мавриди содирот қарор хоҳад гирифт. Ба фаъолияти ин коргоҳ аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Сипас, меҳмонон аз пойгоҳи обкашии АНС-1, ки чанде пеш дари ин ҷо садама рух дода буд, дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, 2 агрегати калони пойгоҳ пурра ба кор оғоз намуда, 4 адад насосҳои боқимонда рӯзҳои наздик таъмир ва мавриди истифода қарор мегиранд. 12 нафар кормандон пайваста фаъолияти агрегатҳоро ба танзим меоранд ва 5 нафари дигар бо барқарорсозии паёмади нохуши садама машғуланд.
Дар анҷом меҳмонон аз вазъи кор дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” (сарвараш Т.Мақсудҷонов) шинос шуданд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагӣ ангурзор 12 гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда таъсис ёфтаву бо усули нави ангурпарварӣ фаъолият дорад.
Вазири кишоварзии ҶТ Салимзода Амонулло Файзулло ҷиҳати пешбурди кор дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, истифодаи босамари ҳар як ваҷаб замин, мавриди таваҷҷуҳ қарор додани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, содироти пайвастаи зардолу, баланд бардоштани маърифати боғпарварии деҳқонон, дар маҷмӯъ таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Меҳмононро роҳбарияти ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.