АШТ: Семинар – машварат бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия

 352 боздид

Санаи 7 — уми феврали соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар — машварат таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода бо иштироки кормандони масъули Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори семинар – машварат Нурмаҳмадиён Ҷамшед — муовини сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз, Мадамонов Давлат — сармутахассиси Сарраёсати маъмурикунонии Кумитаи андоз, Ҷабборов Зуҳайл –сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз, Бобоҷонов Даврон — мутахассиси КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии Раёсати андоз дар вилоят”, Ниёзматов Муродҷон — сармутахассиси шуъбаи маъмурикунонии андозҳои Раёсати андоз дар вилоят, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарият ва кормандони нозироти андози ноҳия ва намояндагони андозсупорандагони ноҳия иштирок намуданд.
Аз ҷониби кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед ва Ҷабборов Зуҳайл ба иштирокчиёни семинар — машварат ташкили дурусти кор оид ба муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав дар самти бақайдгирӣ ва андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ, истифодабарии хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз ва пешниҳоди электронии эъломияҳо фаҳмонида шуд.
Кормандони масъули Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволу дархостҳои иштирокчиён, ҷавобу посухҳои саҳеҳ пешниҳод намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.