АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ РОҲ БО АСФАЛТИ ГАРМ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК ШИНОС ШУД

 254 боздид

Имрӯз, 03.08.22 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар бо корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия дидан намуданд. Дар сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Пунук, ки дурдастарин ҷамоат дар ноҳия маҳсуб меёбад, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо рафти корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди «Навбунёд-Пунук» шинос шуда, бо мардум мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод. Дар баромад сарвари ноҳия ба шахсони саховатпеша ва сокинон меҳнатқарин барои ибтикори бунёдкоронаашон изҳори сипос намуд.

Ба роҳбари ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз ҷониби шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатқарини ҷамоат барои таъмири роҳ 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардидааст. То ин дам 15 мошин асфати гарм бо маблағи 330 ҳазор сомонӣ харидори гардида, 12 клометр роҳ аз самти деҳаи Навбунёд то деҳаи Даҳана аз таъмири ҷорӣ баромад.

Сокинон азм доранд, ки то маркази ҷамоат роҳро таъмир намоянд ва гуфта шуд, ки дар таъмири роҳи мошингардӣ «Дӯстӣ-Навбунёд» низ саҳмгузорӣ хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки ҳамрӯза барои таъмир ба ҳашар 120 нафар сокинон иштирок мекунанд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни муроҷиат ба сокинон гуфт:
“Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид саъйу ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем.
Ин ҳама ободиҳо меваи тинҷи аст ва мо бояд ин неъмати бебаҳоро қадр созем».
Ҳашар идома дорад ва аз рафти он боз иттилоъ хоҳем дод.

Хадамоти матбуоти Раис ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.