АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА БО МУЙСАФЕДОН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ШИРКАТ НАМУД

 546 боздид

03.10.2022 вақт 17:00

Имрӯз, бо мақсади хабаргирӣ ва иштирок дар ҷамъоварии ҳосили пахта Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии як гурӯҳ мӯйсафедон, собиқадорони меҳнат ба майдони пахтаи ҶДММ “Рахшона”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ташриф овард.

Роҳбари ноҳия нахуст аз дастъовардҳои даврони Истиқлол ва хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр кард:

“Бо тадбирандешии пайвастаи роҳбари давлат ҳосилнокии заминҳои корам пайваста боло бурда, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад. Ҳоло дар майдон пахта фаровон буда, мебояд саривақт ҷамъоварӣ намоем.”

Имсол дар ҳудуди ноҳияи Ашт дар майдони 6 ҳазору 323 гектар пунбадона кишт гардида, бо азму талошҳои кишоварзони ноҳия ҳосили дилхоҳ рӯёнида шудааст.

Т Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия чиниши пахта муташаккилона идома дошта, деҳқонон дар саргармии ҷамъоварии ҳосиланд.

Муйсафедон дар ҳаққӣ Пешвои муаззами миллат ва фаровон гаштани хони мардум ва беталаф ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” даст ба дуо бардоштанд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳа ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии пахтакорони ноҳия рӯёнидани ҳосили хуб мебошад.

Дар фарҷом Раиси ноҳия гуфт, ки яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.