АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁН ВОХУРӢ АНҶОМ ДОД

 357 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ вохӯрии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Ориён доир гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳияро роҳбарони сохторҳои маыомотьои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шубаҳою бахшьои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳӣ намуданд. Ба ифтихори сазовор истиқболи меҳмонон маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, дастовардьои варзишгарони ҷамоат, ҷавонони ихтирокор ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷараёни боздид роҳбарияти ноҳия ба дастовардҳои меҳнатии сокинони ҷамоат баҳои баланд доданд.

Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия таъкид намуд:

«Боиси қайд аст, ки Ҷамоати деҳоти Ориён пайваста дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешқадамии худро нишон медиҳанд. Бо саъю талошоҳои  мардуми заҳматқарин ва масъулини ҷамоат, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яккумин шуда, пеш аз мӯҳлат ва бо сифат иҷро гардид, ки намунаи ибрат мебошад. Дар ин раванд дар иҷрои ҳосили пилла, пардохти наышаи андоз, кишти пахта ва зироатҳои кишоварзӣ пешдастии худро нишон доданд.»

Зимни баромади хеш сарвари ноҳия ба соҳибкорони бо нангу номуси ҷамоат Қаҳорров Абдусалом, Ҳамроқулов Қаҳрамон, Мамаджонов Фарьод, ки дар миқёси вилояту хориҷи кишвар мувафақ ҳастанд барои саҳмгузорц  дар таъмири роьи Хужанд-Ашт, ободу зебогардонии диёр исҳори сипос намуд. Дар рафти вохурӣ 23 нафар ҷавонони меҳанпарасти  ҷамоат бо омодагии комил изҳор доштанд, ки омода ҳастанд бо амри дил ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор бошанд.  Аз ин иқдом Шӯҳрат Муҳммадзода изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ҳама маврид хизмати ҳарбӣ дар мадди аввал аст.

Мулоқот бо мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Ориён дар фазои озоду самимӣ ҷараён гирифта, сокинон барои таваҷҷуҳ ба роҳбари ноҳия изҳори сипос намуданд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия барои дастовардҳои назаррас ба варзишгарон ва соҳибкорони саховатпеша Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хадамоти Матбуотии Ноҳияи Ашт

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.