Имрӯз, 20 июни соли 2022, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳаҷравандагон доир гардид.
Аз ноҳия барои мавсими “Ҳаҷ-2022” 24 нафар зоирин аз ҷамоатҳои деҳоти Понғоз (8-нафар), Пунук (7-нафар), Шодоба (4-нафар), Ошоба (3-нафар), Ориён (1-нафар) ва Ашт (1-нафар) бо роҳбаладии Ҳафизов Азиз ба Арабистони Саудӣ сафарбар хоҳанд кард.
Дар мулоқот бо зоирин Раиси ноҳия таъкид дошт:
“Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ва истиқлолияту ваҳдати миллӣ имрӯзҳо сафарбаркунӣ ва ташкили шароит барои зоирин (ҳаҷкунандагон) беҳтар шуда истодааст. Дар ҳамин ҷода ба ҳамаи Шумоён зоирин сафари бехатар, имони комил таманно намуда, орзу дорам, ки ҳамаи дуоҳои неку хайрхоҳонаи Шумо иҷобат гардида, сиҳату саломат ба Ватан баргардед.”
Баъдан, Юсупова Башорат (ҷ.д. Понғоз), Бойназаров Салоҳиддин (ҷ.д.Шодоба), Саҳобов Аҳрорхон (ҷ.д.Пунук) бо шукргузори аз сиёсати давлату ҳукумат барои таваҷҷуҳи пайваста ба роҳбари ноҳия изҳори сипос намуданд. Зимни баромад гуфта шуд, ки ташаббусҳои мақомотро зоирин дастгирӣ карда, барои ободонии роҳ ҳиссаи худро мегузоранд. Дар фарҷом Раиси ноҳия ба сафаркунандагон роҳи сафед таманно намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия