АШТ:  Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ҳамоиши гирандагони Стипендияи Раиси ноҳия ширкат намуд 

 268 боздид

28.12.2022.                                                       

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  ҳамоиши гирандагони Стипендияи Раиси ноҳия баргузор гардид.​

Дар ҳамоиш муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони Раёсатҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва гирандагони стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия ба сухан баромада, таъкид ба амал овард:

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро нерӯи созандаи Ватан арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “Мо бо ҷавонони худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.”

Воқеан, сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ҷавонони баору номуси ноҳия низ ҳамқадами замон буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ илму дониш меомӯзанд ва дар раванди ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд.

Аз ҷумла,  хонандаи МТМУ-36 Ҷамоати деҳоти Понғоз Гулрӯза Ҷамолиддинова мебошад, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи аввал  гардида, бо Диплом ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Сипас, ба дастаи футболбозоне, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд Сипоснома ва медалҳо  дар вазъи тантанавӣ супорида шуд. Баъдан, ба 50 нафар гирандагони ситипендияи Раиси ноҳия зери кафкӯбиҳои бардавом Шаҳодатнома ва Идрорпулии Раиси ноҳия супорида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.