19.08.2024
Имрӯз, 19-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, фаъолон, собиқадорони соҳа машварати августии кормандонаи соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳия, меҳмонон аз дастоварҳои соҳаи маорифи ноҳия, ки дар толор ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос гардида, баҳои баланд доданд.
Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид ва зимни баромади хеш роҳбари ноҳия зикр дошт:
«Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки дар соли хониши 2023-2024 иштирокдорони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихорӣ гардиданд.”
Дар идома мутахассисони ҷавон, Турсунматова Фархунда, Мираҳмадова Фируза, , Тошпулотова Назокат доир ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят ва ноҳия аз номи маъорифчиён изҳори сипос намуданд.
Ба аҳли маорифчиёни ноҳия аз тарафи мутахассиси ҷавон Ҷалилова Ёсуман «Муроҷиатнома» қироат карда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ хонандагон ва омӯзгорон, ки ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гардиданд, медали “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси қарори Раиси ноҳия мукофотпулӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои аввал чунин ташаббус дар машварати августии соли хониши 2022-2023 аз ҷониби Шӯҳрат Муҳаммадзода пешниҳод гардида буд ва ин қадрдонӣ идомаи он аст.
Шӯҳрат Муҳаммадзода дар фазои идона ба пешқадамони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба собиқадорони соҳа низ тақдим гардид.
Баромади ҳофизон бо сурудҳои мумтоз ва рақсҳои дилнишин, саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёти омӯзгорон ва манзалати волои устод ба чорабинӣ фазои дигар бахшид.
Бо гирифтани акси хотиравӣ чорабинӣ анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия