АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН ШИРКАТ НАМУД

 2 532 боздид

24.08.2022
Имрӯз, 24-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Бобозода Мирҷумъа ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, фаъолон, собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода Раиси ноҳияи Ашт, ба хонандагон аз оилаҳои эҳтиёҷманд либоси мактабӣ тақдим намуда бо хонандагони пешқадам дидорбинии хотирмон анҷом дод. Сипас, ба собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия зикр дошт:
“Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд:
“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати кишвар дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву Барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст.
[15:03, 24.08.2022] Hayotjoni ODIL: Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ назаррас аст. Аз ҳисоби хонандагон синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 1-нафар ба гирифтани медали тилло, 2-нафар ба гирифтани медали нуқра, 10-нафар ба гирифтани медали биринҷӣ, ҷамъи медалҳо 13-ададро ташкил дода, ҳамзамон 1-нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардиданд, ки шоистаи таҳсин ба ин хонандагон, устодон ва падару модарашон мебошад.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бунёду таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, махсусан бо дастгирии соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша ва аҳолии маҳал хеле хуб ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисобӣ муассисаҳои таълимии рақамҳои 36, 65, 7 аз нав бунёд гардиданд ва 42 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сохта, ба истифода дода шуданд.

Айни замон сохтмони муассисаи таълимии №25 дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ҳамзамон, корҳои сохтмонии бинои нави дар МТМУ №56 ва бунёди 8-синфхонаи иловагӣ дар маҳаллаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пунук; бунёди 8-синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Сарваки Ҷамоати деҳоти Ориён; бунёди муассисаи нави таълимии №43 дар деҳаи Хӯҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба бомаром идома доранд. Дар охир ба аҳли маорифчиён аз ҷониби роҳбарияти ноҳия таъкид карда шуд, омӯзгоре, ки хонандааш дар олимпиада сазовори медали тилло мегардад бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ, нуқра 5 ҳазор ва биринҷӣ 3 ҳазор қадрдонӣ мегардад ва муассисае, ки бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ва кӯмаки волидон синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода медиҳанд бо кӯмакпулии яквақта қадрдонӣ карда мешавад. Инчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки вобаста ба ин қарори дахлдор ба тасвиб расонида шавад.
Баъдан, Бобозода Мирҷумъа сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят зимни баромадаш таъкид дошт:
“Аз ҷониби роҳбари давлат сол аз сол эътибор зиёд равона гашта, барои баланд бардоштани сифати таҳсил чораҳо андешида мешавад. Аз ин аст, ки барои расидан ба истиқлолияти иқтисодц ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон пайваста маоши онҳо ҳамасола боло бурда мешавад. Зеро нақши кормандони соҳаи маориф дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасон, ҷавонон ва фарҳанги мардум ниҳоят арзишманд мебошад.”
Раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия, Сипоснома ва туьфаьои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.
Баромади ҳофизон бо сурудҳои мумтоз ва рақсҳои дилнишин, саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёти омӯзгорон ва манзалати волои устод ба чорабинӣ фазои дигар бахшид.
Бо гирифтани акси хотирави чорабинӣ анҷом ёфт.
Хадамоти Матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.