АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР ТАЪМИРИ ҶОРИИ РОҲИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК БО АСФАЛТИ ГАРМ ИШТИРОК НАМУД

 3 758 боздид

Санаи 26.07.2022. бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар манотиқи ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пунук низ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад. Аз ҷумла, бо асфалти гарм корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди роҳи «Навбунёд-Пунук» бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оғоз бахшида шуд.

Нахуст, роҳбари ноҳия бо мардуми меҳнатқарини ҷамоат дар оғози кор сӯҳбати самимӣ анҷом дод:

«Имрӯз ватани азизамон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад. Бояд мо ҷавобан ба ин меҳрубониҳои роҳбари давлат бо амалҳои ободкоронаи худ посух диҳем. Барои муттаҳид будан ва саҳмгузорӣ дар ободии роҳу диёр миннатдории худро ба мардуми солори ҷамоат мерасонам. Бо саҳми мардуми саховатпеша барои таъмири роҳ 230 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъовари гардидааст, ки байни 9 ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҷойи аввалро ишғол мекунад.»

Баъдан, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари ноҳия миннатдории худро баён намуда, иброз намуданд, ки ҳамеша дар паҳлӯи раиси мардумӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳастанд ва дар ободии ватани азиз саҳмгузорӣ мекунанд.

Дар маросими шурӯъ намудани таъмири роҳи мазкур Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва масъулин соҳаҳои дахлдор, фаъолони ҷамоат иштирок намуданд.

Сипас, Раиси ноҳия аз 8 синфхонаҳои иловагии МТМУ 45 деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Пунук боздиди корӣ анҷом дода, вобаста ба сабзкорӣ дар гирду атрофи муассиса дастур дод.

Сафари корӣ аз шинсоӣ аз корҳои сохтмонии муассисаи навташкил дар маҳаллаи Дӯстии деҳаи Пунуки Ҷамоати деҳоти Пунук идома ёфт. Шӯҳрат Муҳаммадзода барои вусъат бахшидани суръати корҳои сохтмони дастуру супоришҳои мушаххас дод. Масъулин маълумот доданд, ки мактаби мазкур дорои 11 синфхона, ҳуҷраҳои фаннӣ ва утоқи кории омӯзгорон буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат имтиёзҳои зиёд роҳандозӣ гардидааст. Махсусан, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади иҷрои ин ҳадафи миллӣ дар заминҳои бекорхобида хоҷагиҳои деҳқонии «Саховат» ва «Гулистон» дар масоҳати 80 гектар ташкил шудааст. Ҳоло ба заминҳои хоҷагӣ соли ҷорӣ бори аввал пахта ва ғалла кишт намуда, аз ҳар гектар майдони ғалла 45 сентинери ҳосил ба даст оварданд. Ҳоло, дар ҳудуди хоҷагиҳо кишти такрори низ ба роҳ монда шудааст. Дар хоҷагиҳо мазкур зиёда аз 10 гектар боғи ҳуч низ ташкил карда шудааст. Сарвари ноҳия аз фаъолияти хоҷагиҳои навтаъсис шинос шуда, барои меҳнати софдилона ба роҳбарони хоҷагиҳо Собиров Самадҷон ва Тошназаров Раҳимҷон изҳори сипос намуд. Маврид ба зикр аст, ки хоҷагиҳои мазкур барои таъмини замин бо об аз 7 клометр бо лӯлаҳои обгузар таъминоти обро ба роҳ монданд.

Бади нима рӯз Раиси ноҳия аз сехи дӯзандагӣ дидан ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмин намудани хонандагон бо либосҳои мактабӣ дар сехи дузандагӣ наздик 10 нафар бонувон ба шуғли доимӣ таъмин гаштанд. Зимни боздид дастур дода шуд, ки бо нархи дастрас ва сифати баланд либосҳои хонандагон пешниҳод карда шавад.

Идомаи сафари корӣ дар озмоишгоҳи ҶДММ «Рахшона » ҷараён гирифт. Дар озмоишгоҳи ҳашаротҳои «Трахаграмма», «Тиллочашм», «Габробракон» парвариш карда шуда, барои муборизаи ҳашоротҳои зараррасон ва шира истифода мегардад. Маврид ба зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур соли 2017 таъсис ёфта, барои нашъунамои пахта мусоидат менамояд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода дар идомаи сафар аз соҳилмустаҳкамкунии Аштсойи деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуда, вобаста ба қави намудани битонрезӣ андешаи худро баён намуд. Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар 4 минтақаи канори сой корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.