Имрӯз, 07.07.2022 Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вохӯрии маҷозии (онлайнӣ) Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония иштирок ва суханронӣ намуд. Мулоқоти онлайнӣ дар мавзуи “Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ” ҷараён гирифта, роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен низ иштирок карданд. Ҳамчунин ба мулоқот намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти алоқа ва дигар шахсони масъул ширкат варзида, вобаста ба мавзуъ андешаҳои худро баён намуданд. Раиси ноҳия доир ба имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Ашт ва имтиёзҳо барои маблағгузорони хориҷӣ маълумот дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия