АШТ: Шӯҳрат Муҳаммадзода машварати корӣ баргузор кард.

 1 531 боздид

26.01.2023

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон машварати корӣ баргузор намуд.

Дар ҷамъомад муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ходимони соҳаи тиб, маориф, собиқадорон, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси ноҳия ба сухан баромада, барои хизматҳои шоён ва меҳнати содиқона дар пешрафти ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои ободу зебогардонӣ пайваста меҳнат намоянд.

Сипас, муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед вобаста ба иҷрои пардохти андоз ва рафти иҷрои супоришҳои протоколӣ аз санаи 11-уми январи соли 2023 гузориш дод ва доир ба камбудиҳо дар соҳа Шӯҳрат Муҳаммадзода аз масъулин пурсиш ба амал овард.

Дар идома муовини Раиси ноҳия оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Дар машварати васеи корӣ роҳбари ноҳия вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар самти бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дастури қатъӣ дод.

Сарвари ноҳия барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла оҳангарӣ ва ҳифзи ин ҳунари аҷдодӣ ба шахсони дахлдор супориш дода, таъкид дошт, ки тамоми ҳунармандони оҳангарӣ ба як мавзеъ ҷойгир карда шуда, вобаста ба ин қитъаи замин ҷудо намуда, растаи фурӯши маҳсулотҳои оҳангорӣ ташкил карда шавад.

Баъдан, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлили амиқ намуда, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъмини мардум бо ҷойи нави корӣ, рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, хубтару дуруст ба роҳ мондани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ байни ҷавонписарони синни даъват, беҳтар намудани шароити зист барои мардум, рушди соҳаи чорводорӣ дастуру супоришҳо дод.

Раиси ноҳия ба масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия дастур дод, ки ба кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавотҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Зеро ишора карда шуд, ки мардумро бояд бо маҳсулоти хушсифати худӣ таъмин карда шавад.

Дар идома Имомов Абдурауф сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов баромад намуда, дар хусуси ободониву созандагӣ ва рушди пайвастаи ноҳиядавоми соли 2022 баромад намуда, қайд кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мардуми сарбаланди ноҳия сарҷамъ гардида, барои ободу зебо гардонидани ҷомеа боз ҳам саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

  Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.