АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА САРБОЗОНИ ДАР МАРЗ ҶАРОҲАТ ГИРИФТАРО АЁДАТ НАМУД

 1 654 боздид

24.09.2022

Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия се нафар сарбозоне, ки аз ноҳияи Ашт дар ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон сахт муқовимат нишон дода, ҷароҳат бардоштанд, аёдат намуд.

Сарбозон алҳол дар беморхонаҳои маркази вилояти Суғд бистарӣ гардида, барои барқарор кардани ваъи саломатиашон табобат мегиранд.

Зимни аёдат Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баён дошт:

Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша аз шуҷоату ҷавонмардӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстии сипарони миллат ҳарф мезананд ва муқовимати сахттатонро ба низомиёни қирғиз фаромӯш намекунанд. Бо заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва шуҷоати сарбозони бо нангу номуси диёр дар Тоҷикистони азиз сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо аст. Сокинони ноҳия бо сарбозони ватанпарвар ва содиқ ифтихор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки сарбозон таҳти нигоҳубини шабонарӯзии кормандони тиб қарор доранд ва ба роҳбари ноҳия вазъи саломатиашро хуб арзёбӣ карданд.

Сарбозон ба Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ барои аёдат изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, даҳҳо нафар афроди бегуноҳ, махсусан аз аҳолии осоишта қурбон шуданд, ки дар байни онҳо кӯдакон ва занони ҳомила низ ҳастанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.