АШТ: СИТОДИ БАРТАРАФНАМОӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲОДИСАҲОИ СЕЛ

 317 боздид

Имруз, 7 май бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт ҷиҳати бартарафнамоӣ ва пешгирии ҳодисаҳои сел ситод баргузор гардид. Дар ситод тамоми роҳбарони сохторҳои дахлдор ва сокинони фаъоли маҳаллӣ ширкат намуданд. Роҳбари ноҳия зимни баромад қайд намуд: «Дар натиҷаи боришоти пайвастаи моҳи март омадани селоба дар ҳудуди деҳаҳои Ашти Боло ва Ашти Поён мушоҳида гардид ва дар натиҷа 2,7 клометр селраҳа бо қуму шағали зиёд пур шуд. Дар ин минтақа зиёда аз 1000 хонаҳои истиқоматӣ сокинон ҷойгир шуда, дар ҳолати фаромадани сел аз хатар холӣ нест.»
Сипас, Дадаҷон Ҳошимов собиқадори меҳнат зимни баромадаш барои дастгирии пайваста ва ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода арзи сипос намуда, сокинонро даъват намуд, ки дар ободии диёр дар паҳлӯи ҳукумату давлат бошем. Шӯҳрат Муҳаммадзода бо роҳбарони мақомоти дахлдор аз мавзеъҳои осебпазир дидан намуда, ҷиҳати зуд ва босифат иҷро намудани корҳо супориҳо дод.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия


Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.