АШТ: СИТОДИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД.

 125 боздид

АШТ: СИТОДИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди кории Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки  намояндаи мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исозода Икром баргузор гардид.

Дар кори ситод масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалати вилоят, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия,  воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода кори ситодро оғоз намуда, вобаста ба 4  масъала:

1.Таъмини иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 — 2006”

.Ҷамъоварии ҳосили пахта-2024.

3.Натиҷагирӣ аз рафти  ҷамъоварии андоз дар моҳи октябри соли 2024.

  1. Маъракаи обуна дар соли ҷорӣ.

Дар идома Шӯҳрат Муҳмаммадзода вобаста ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта аз масъулин пурсон шуд ва  дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намоянд.

Дар давоми ситод Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати тирамоҳӣ баёни андеша намуд:

“Ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ шароитҳои зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ бо тамоми шароити маъишӣ таъмин буда, сарбозон дар шароити хуб адои хизмат мекунанд.”

Зимни баромади хеш роҳбари ноҳия ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва аёдат ва қадрдонии ҷавонони аз хизмати Модар-Ватан баргашта дастур дод.

Дар фарҷом барои раъфи камбудиҳои ҷойдошта дастур дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Ашт

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.